Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши ФБҲБ ва "Мемориал" дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик


Муҳоҷирони корӣ (акс аз бойгонӣ)

Муҳоҷирони корӣ (акс аз бойгонӣ)

Федеросиюни байналмиллалии ҳуқуқи башар якҷо бо Маркази ҳуқуқи башар масум ба “Мемориал”гузориши худро зери номи “Тоҷикистон нируи корӣ содир мекунад, вале ба чӣ баҳое?" мунташир сохтаанд. Дар ин гузориш омадааст, дар ҳоле, ки аз нируи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба таври ҳамаҷониба суистифода мешавад, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бояд барои дифоъ аз ҳуқуқи аслии онҳо тадбирҳои бештар андешанд. Бо назардошти гузориши дигари ин ду созмони ҳуқуқи башар, ки моҳи маи соли ҷорӣ ба нашр расида буд, дар гузориши кунунӣ тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кориаш, ба вижа дар Русия ба чолиш кашида шудааст.
XS
SM
MD
LG