Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҷасади Муаммар Қаззофӣ ба хок супурда мешавад


Ҷасади Муаммар Қаззофӣ
Ҷасади Муаммар Қаззофӣ
Интизор меравад, ки имрӯз ҷасади Муаммар Қаззофӣ ба хок супурда шавад. Ҷасади вай шаби рӯзи душанбе аз Мисрата ба ҷои дигар интиқол дода шуд. Вай рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Сирт-зодгоҳаш кушта шуд ва вайро ба Мисрата бурданд. Як намояндаи расмии Шӯрои Миллии Гузор гуфт, ки Муаммар Қаззофӣ дар биёбон дар ҷои номаълум дафн карда мешавад. Писари вай Муътасим ва як нафар аз ҳамроҳонаш низ дар ҷои номаълум ба хок супурда мешаванд. Куштори Қаззофӣ ба ҷангҳои чандмоҳа дар Либия хотима гузошт.
XS
SM
MD
LG