Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Сурия сафиронро аз кишварҳои якдигар фаро хонданд.


Ричард Форд бо Башор Асад (акс аз бойгонӣ)
Ричард Форд бо Башор Асад (акс аз бойгонӣ)
Амрико мегӯяд, бино ба андешаҳои амниятӣ сафири худро аз Димишқ-пойтахти Сурия фаро хондааст, зеро ба ҷони вай хатари эҳтимолӣ вуҷуд дорад. Марк Тонер-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, бозгашти сафир Роберт Форд ба Сурия ба вазъи амниятӣ дар ин кишвар бастагӣ дорад. Дар посух ба ин иқдоми Амрико Сурия гуфтааст, ки Имод Мустафо-сафири худ дар Вошнгтонро барои машварат ба Димишқ даъват кардааст. Роберт Форд яке аз мунаққидони ошкори режими Башор Асад дар Сурия мебошад. Дар ҷараёни саркӯбии эътирозгарон аз сӯи ин режим дар Сурия беш аз 3 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG