Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тони Блэр мушовири ҳукумати Қазоқистон мешавад


Тонӣ Блэр
Тонӣ Блэр
Қазоқистон мегӯяд, ки Тонӣ Блэр-нахуствазири пешини Британияро чун мушовири иқтисодӣ ба кор истихдом кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, Тони Блэр яке аз шахсиятҳои хориҷист, ки ба даъватнома посух дод ва барои дар ихтиёри ҳукумати Қазоқистон гузоштани машваратҳои лозима дар бахшҳои иқтисод, идораи умури иҷтимоӣ ва сиёсати байналмиллалӣ ризоят дод. Сухангӯи Блэр гуфт, нахуствазири собиқ гурӯҳи мушовирони байналшмиллалиро ташкил кардааст ва мегӯяд, вай дунболи “даромади хусусӣ” намегардад. Ҳоло Тонӣ Блэр фиристодаи вижаи Кишварҳои Чаҳоргона барои сулҳи Ховари Миёна мебошад.
XS
SM
MD
LG