Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Найробӣ як нафар кушта 20 нафар маҷрӯҳ шуданд


Шаби гузашта дар Найробӣ-пойтахти Кения дар ҳамлае бо норинҷак як нафар кушта, дастикам 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Норинҷаки аввал дар як қаҳвахона ва дуввумӣ дар истгоҳи автобус мунфаҷир шуд. Ду рӯз пеш сафорати Амрико дар Кения ҳушдор дод, ки имкон дорад ин гуна ҳамлаҳо анҷом бигирад, зеро Кения нируҳои худро ба кишвари ҳамсоя ба Сомалӣ фиристодааст, то бар зидди гурӯҳи тундрави исломии Ал Шабоб мубориза кунанд. Кения тундравҳоро барои одамрубоӣ дар манотиқи марзӣ муттаҳам медонад.
XS
SM
MD
LG