Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабари бозхонди сафири ИМА аз Димишқ тасдиқ шуд


Роберт Форд ва Барак Обама

Роберт Форд ва Барак Обама

Вазорати умури хориҷии ИМА хабари бо далелҳои амниятӣ аз Сурия бозхондани сафири кишварро тасдиқ кард. Сухангӯи вазорат Марк Тоунер изҳор намуд, сафир Роберт Форд баъди тағйири авзоъ дар Сурия ба Димишқ бармегардад.

Аз ин пеш хабаргузориҳо бо такя ба манобеъи дипломатӣ навиштанд, ки сафири Амрико Роберт Форд ахиран Димишқро тарк намуд.

Роберт Форд чандин бор аз саркӯбсозии мухолифин аз сӯи мақомоти Сурия интиқод карда буд ва аз ин рӯ Димишқ ӯро дар дахолат ба умури Сурия айбдор менамуд.

Як намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки Вошинтон алҳол хуруҷи сафири Сурияро аз Амрико талаб нахоҳад кард.

Нооромиҳо дар Сурия ҳашт моҳ боз идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи СММ, беш аз се ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG