Пайвандҳои дастрасӣ

“Аннаҳза” дар интихоботи Тунис пешсаф аст


Ҳизби мӯътадили исломии “Аннаҳда” дар интихобот ба Маҷлиси муассисони Тунис – нахустин интихобот баъд аз суқути раисиҷумҳури пешин Зайнулобиддин бини Алӣ пешсаф аст.

Рӯзи якшанбе сокинони Тунис дар интихоби 217 узви Маҷлиси муассисон, ки бояд Қонуни асосии нави кишварро таҳия ва ҳайати ҳукумати навро тасдиқ кунад, ширкат намуданд.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, беш аз 90 дар сад, ё беш аз чаҳор миллиону 100 ҳазор афроди соҳиби ҳаққи райъ пушти қутиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Гуфта мешавад, ки ҳизби “Аннаҳда” шояд ба дарёфти 40 дар сади раъйҳо муваффақ шавад.

Зайнулобиддин бини Алӣ, ки 23 сол раҳбарии Тунисро бар ӯҳда дошт, моҳи январи соли равон бар асари намоишҳои эътирозии густурда мақомашро тарк кард.

Қарор аст натоиҷи расмии интихобот шоми имрӯз ё субҳи сешанбе эълон шавад.
XS
SM
MD
LG