Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукм дар баробари Ҳизби коммунист бетағйир боқӣ монд


Газиз Алдамҷаров
Газиз Алдамҷаров
Аризаи раиси Ҳизби коммунисти Қазоқистон Газиз Алдамҷаров дар робита ба мутаваққиф шудани фаъолияти ҳизб рад шуд ва қарори додгоҳ бетағйир боқӣ монд.

Дар ин бора хабаргузории Интерфакс-Қазоқистон бо такя ба тасмими ахири комиссиюни бознигарии додгоҳи шаҳри Алмаато иттилоъ додааст.

Рӯзи 4 октябр додгоҳи байниноҳиявӣ оид ба парвандаҳои маъмурии шаҳри Алмаато фаъолияти ҳизби коммунистро барои ним сол мутаваққиф кард.

Дар ҳукм омадааст, ки раиси Ҳизби коммунист ғайриқонунӣ ба иттиҳодияи сабтиномнашудаи “Народный фронт” шомил шудааст. Ва аммо Газиз Алдамҷаров мегӯяд, ки ӯ на чун раиси ҳизб, балки ҳамчунин шаҳрванди оддӣ узви ин иттиҳодия шуда буд.
XS
SM
MD
LG