Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз Тоҷикистон: пул, ишқ ё чизи дигар?


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообд
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообд

Нишони ҷавондухтари 20-солаи тоҷик, ки чанд рӯз пеш аз манзили модараш дар яке аз навоҳии Кӯлоб нопадид шуда буд, аз Афғонистон пайдо шудааст.

Эҳтимол дорад, ин духтарро ишқи як ҷавони афғонистонӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ гумонбар дониста мешавад, водор ба тарки Тоҷикистон кардааст.

АЗ МАҲБАС БА АФҒОНИСТОН?

Ин духтар, ки шартан Ҷамолбӣ номаш мебарем, қаблан барои убури сарҳади миёни Афғонистону Тоҷикистон боздошт шуда будааст, вале тибқи «Қонуни авф» ӯро ба тозагӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардаанд.

Модари ин духтар мегӯяд, фарзандаш пештар гуфта буд, ки ӯро зӯран ва бо роҳи фиреб ба Афғонистон бурда, ба никоҳи як мард даровардаанд, вале ҳоло ба гуфтаи модари ӯ, намедонад, ки дар як рӯз чӣ тавр духтараш ба он сӯи марз бурда шудааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, субҳ духтараш аз хона берун шуд ва шоми ҳамон рӯз марде бо лаҳҷаи тоҷикони Афғонистон ба телефони мобилии модари ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки «ҳамсараш дубора ба назди ӯ омадааст ва ҳолаш хуб аст».

Ӯ мегӯяд: «Занг зада гуфт, ки зан зани ман ҳаст ва аз дарё гузарондамаш. Ҳамин як бор занг заданд, дигар тамоман занг назад. Хело хоҳиш дорам, ки духтарам баргардад. Ӯ нав аз маҳбас баромада буд. Барояш ҳама корро мекардам, ки дар пешам истад, аммо намедонам, ки чаро чунин кард.»

ЧАРО ДУХТАРОН БА ЧУНИН АМАЛ ДАСТ МЕЗАНАНД?

Файзалӣ, як намояндаи ҷамоате, ки Ҷамолбӣ дар он ҷо ба сар мебарад, мегӯяд, тақрибан ин духтар 6 моҳ дар маҳбас буд ва пас аз раҳо шуданаш масъулини ҷамоат ба ӯ дар ошхонаи маҳаллӣ кор пайдо карданд. Аммо ба гуфтаи ин масъул, ӯ намедонад, ки сабаби тарки Тоҷикистон намудани духтар дар чист.

Ӯ дар робита ба ин афзуд: «Нав хабар ёфтем, ки боз рафтааст. Намедонам ӯ барои чӣ чунин кардааст. Кораш дар ин ҷо хуби хуб ҳам набуд, бади бад ҳам. Мегуфт, ки кор барояш маъқул аст ва умуман пеши мо аз кораш шикоят накарда буд. Ростӣ ҳайронам ва намедонам, ки чаро чунин кардааст.»

Ин ҷавондухтар дар сини 17-солагӣ издивоҷ карда баъдан аз шавҳар ҷудо шуда будааст. Ҷамила, омӯзгори Ҷамолбӣ мегӯяд, ӯ дар мактаб хонандаи беҳтарин буд, вале модараш аз мактаб ӯро барвақт гирифта ба шавҳар дод: «Бо баҳои панҷ мехонд, ахлоқаш ҳам хуб буд. Дар ҳама чорабиниҳои мактабӣ иштирок мекард. Лекин аз синфи нӯҳ бо сабаби бад будани зиндагиашон модараш ӯро аз мактаб гирифта ба шавҳар дод. Аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба роҳи бад рафт. Агар бо ҳамон донише, ки дошт, мехонд, шояд беҳтарин мутахассис мешуд.»

Ҳамроҳ бо Ҷамолбӣ мақомоти интизомӣ 7 зани дигарро бо гумони иртибот бо қочоқчиён афғон боздошт карда буданд, вале ҳоло ҳамаи онҳо аз зиндон раҳо шудаанд.

Гулчеҳра Муродова, як масъули созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯяд, дар аввал ин занон, аз ҷумла Ҷамолбӣ худро қурбонии хариду фурӯш унвон карда буданд, вале таҳқиқ нишон додаст, ки ҳеҷ кадоми онҳо қурбонии хариду фурӯш нашудаанд: «Се меъёре, ки ӯро бояд ҷабрдидаи хариду фурӯш эътироф мекард, дар рафти сӯҳбат бо ӯ тасдиқи худро наёфтанд. Яъне, аз сӯҳбатҳо маълум буд, ки ин духтар мавриди хариду фурӯш қарор нагирифтааст ва ӯ ба ихтиёри худ ба марди афғон розӣ шудааст, ки шавҳар кунад. Аз ин рӯ, ӯро мо қурбонӣ эътироф накарда будем.»

ИШҚ, ПУЛ Ё ЧИЗЕ ДИГАР?


Ба гуфтаи хонум Муродова, Ҷамолбӣ муҳаббати худро ба нафаре, ки дар Афғонистон дар никоҳи ӯ будааст, нишон намедод, вале ҳамчунин нафрат ҳам надошт.

То ҳанӯз дақиқ нест, чи гуна ин духтар бо як шаҳрванди Афғонистон, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ гумонбар дониста мешавад шиносоӣ пайдо кардааст ва бо кадом роҳе бори дуюм ба ин кишвар рафтааст. Онҳоро пул, ишқ ё чизи дигаре ба ҳам пайвастааст, маълум нест.
XS
SM
MD
LG