Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозхонди номзадӣ ба ивази 5 миллион доллар?


Камчибек Тошиев
Камчибек Тошиев
Намояндаи номзад ба мақоми раисиҷумҳури Қирғизистон Камчибек Тошиев нашри варақаҳоро, ки дар онҳо Тошиев дар талаби ришват барои бозхондани номзадияш айбдор мешавад, ҳамчун дасиса арзёбӣ намуд.

Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар варақаҳои шаби гузашта дар шаҳрҳои Қучқор-Ота, Нукат, Нукен ва дар вилояти Иссиқкӯл паҳншуда омадааст, ки Тошиев аз нахуствазир ва номзад ба мақоми президентӣ Алмосбек Отамбоев дар ивази бозхондани номзадияш 5 миллион доллар талаб кардааст.

Ба гуфтаи Нурғозӣ Анорқулов, сухангӯи Тошиев, ин дасиса аз сӯи мухолифини Қамчибек Тошиев ташкил шудааст. Раиси ҳавзаи интихоботии шаҳри Нукен Маҳмадюнус Токторалиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи паҳн шудани ин гуна варақаҳо хабар надорад.

Қамчибек Тошиев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон ва раиси фраксияи ҳизби “Ота Журт” дар парлумони кишвар, яке аз 19 довталабест, ки рӯзи якшанбе, 30 октябр, барои дарёфти курсии раисиҷумҳури Қирғизистон талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG