Пайвандҳои дастрасӣ

Плевнелиев ва Калфин барои курсии президентӣ талош мекунанд


Аз се номзади нерӯманд ду нафар мубориза барои курсии раёсатҷумҳуриро идома медиҳанд.

Аз се номзади нерӯманд ду нафар мубориза барои курсии раёсатҷумҳуриро идома медиҳанд.

Дар Булғористон номзадҳо аз ҳизби ҳукмрон ва ҳизби мухолифи ҳукумат ба даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври аввал, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, Росен Плевнелиев, номзад аз ҳизби ҳукмрони ростгарои “ГЕРБ”, беш аз 40 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд. Аз рақиби ӯ, номзади сотсиалистҳо Ивайло Калфин беш аз 30 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ карданд.

Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Булғористон 30 октябр баргузор мешавад.

Дар Булғористон қудрат асосан дар дасти нахуствазир аст ва раисиҷумҳур бештар мақоми ташрифотӣ дорад.
XS
SM
MD
LG