Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Обама аз кишвари озод эълон шудани Либия


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз сӯи Шӯрои миллии гузор кишвари озод эълон шудани Либияро истиқбол кард.

Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта шудааст, ки баъд аз чиҳил соли истибдод ва ҳашт моҳи хунрезиҳо мардуми Либия метавонанд шурӯъи ояндаи дурахшон дар таърихи кишварро таҷлил намоянд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, тантанаҳои дирӯза ба шарафи кишвари озод эълон шудани Либияро “гардиши таърихӣ” дар сарнавишти Либия номид ва аз Шӯрои миллии гузор даъват намуд, ки ҳукумати муваққатро ташкил ва рӯзи интихоботи навро таъин кунад.

Вазорати умури хориҷии Амрико бори дигар аз мақомоти Либия хост, ки сабабҳои ҳалокати раҳбари пешин Муаммар Қаззофиро таҳқиқ кунанд. Мақомоти нави Либия мегӯянд, ки Қаззофӣ дар задухӯрд кушта шудааст ва аммо баъзе шоҳидон хабар доданд, ки ӯро зинда боздошту шиканҷа карданд ва сипас ҳадафи тир қарор додаанд.

Ҷасади Қаззофӣ то ҳол дар яхдони яке аз бозорҳои Мисрота нигаҳ дошта мешавад ва рӯзи дафни ӯ маълум нест.
XS
SM
MD
LG