Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия


Дар манотиқи аз заминларза осебдидаи шарқи Туркия корҳои наҷотбахшӣ идома доранд. Бар пояи иттилоъи расмӣ, дар ин офати табиӣ дасти кам 217 нафар кушта шуда ва ҳазорон каси дигар осеб дидаанд. Теъдоди бештари кушташудагон – сокинони шаҳрҳои Эрҷиш ва Вон буданд.

То ҳанӯз садҳо нафар зери харобаҳо мондаанд ва мақомот ҳадс мезананд, ки шумораи қурбониён афзоиш хоҳад ёфт.

Идрис Саҳин, вазири умури дохилии Туркия дар бораи ҷараёни корҳои наҷотбахшӣ гуфт, ки "омодагиҳо барои ҷойгирсозии одамон идома дорад. Айни ҳол мо дар майдони футболем ва дар ин ҷо бунёди шаҳраки хаймаҳо тақрибан поён ёфтааст. Осебдидагон ҳамоно ба ин ҷо оварда мешаванд. Барои онҳо садҳо хайма бунёд шудааст".

Ба манотиқи осебдида гурӯҳҳои наҷотбахшӣ аз Амрикову кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Озарбойҷон, Чин ва Ҷопон мерасанд.

Дар вилояти Вон ва чанд минтақаи дигар ҳаракати нақлиёт қатъ шуда, мардум аз нерӯи барқ ва робитаи телефонӣ маҳрум мондаанд.

Дар Туркия заминларзаҳо зиёд рӯх медиҳанд. Бар асри ду заминларзаи мудҳиш дар соли 1999 тақрибан 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG