Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Азия-Плюс” эълом кард, ки ба зудӣ торнамои махсуси ислом тиҷейро роҳандозӣ хоҳад кард.

Ин сафҳа, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ матолиб нашр мекунад, бештар ба бозтоби масоили дини мубини Ислом ва рӯҳониён дар Тоҷикистон хоҳад пардохт.
Онҳо дарк карданд, ки бе кашидани мавзӯи дин дар нашрия онҳо харидор пайдо намекунанд...

Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”, мегӯяд, бар хилофи бархе дигар аз расонаҳо онҳо ба коршиносони умури динӣ ҳам имкон хоҳанд дод, то назару матолибашонро дар вебсайти ислом тиҷей нашр кунанд: “Дар ин сайт мо барои хонандаи одӣ ва ҳам барои онҳое, ки дар бораи дин маълумот доранд, иттилоъ ва таҳлилҳо пешкаш мекунем. Яъне, як қисми торнамои ислом нуқта тиҷей барои таҳлилгарон мешавад.”

Дар чаҳор соли ахир мавзӯи ҳиҷобу рӯсарӣ, ришу намозгузорӣ дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, қонуни нави дин, гурӯҳи салафия ва ҷамоати таблиғ бозори нашрияҳоро гарм кардаанд. Ин аст, ки чандин нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар ин муддат гӯшаҳои вижаеро ҳам бо номи Ислом ва ё дин ташкил доданд.



Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс"

Соҳибназарон мегӯянд, ҳадаф аз бозтоби масоили марбут ба дини Ислом дар саҳифаи нашрияҳои мустақил аз як сӯ матраҳ кардани ин мушкилот бошад, аз сӯи дигар ҷалби таваҷҷӯҳи муштариён низ будааст. Марат Мамадшоев мегӯяд, ба майдон омадани торнамои Ислом тиҷей низ пӯшиш додани масоили марбут ба дини ислом ва пайравони он дар Тоҷикистон аст.

Зеро ба таъкиди ӯ, дар ҳоли ҳозир баҳсҳои мазҳабӣ аз ҷумлаи матолиби серхаридор ва серхонандаву сербинанда дар саҳифаи нашрияҳо ва сафҳаҳои интернетӣ ба ҳисоб меравад: “Ин гуна масоил бештар хонандаву ҳаводор дорад. Фикр мекунам, ки масоили динӣ барои мардум муҳим аст ва онҳо ба ин гуна матлабҳо таваҷҷӯҳ доранд.”

Ин аст, ки бештари нашрияҳои Тоҷикистон дар шумораҳои худ талош мекунанд, ҳадди ақал акси ягон рӯҳонии саршиноси тоҷик ё таърихи афроди шинохтаи ҷаҳони Ислом, ҳадиси паёмбар ва ё пурсишу посух дар бораи масоили исломиро нашр бикунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж"

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж"

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” низ мегӯяд, таваҷҷӯҳи афзуни сокинон ба дини Ислом ва ҳаводории онҳо аз рӯҳониён соҳибони рӯзномаҳоро водор кардааст, то бо нашри матолиб дар бораи онҳо таваҷҷӯҳи муштариёнро ба нашрия ҷалб кунанд: “Мавзӯи дин яке аз мавзӯъҳои диққатҷалбкунанда аст. Махсусан, пас аз пайдо шудани гурӯҳҳои Байъат, Салафия ва Ҷамоати Таблиғ. Мардум дар бораи ҳамаи инҳо донистан мехоҳанд. Агар аз як сӯ мавзӯъи манфиати молӣ дар миён бошад, аз сӯи дигар додани иттилоъ дар бораи ин мавзӯъҳо низ ҳаст.”

Бо ин ҳол, соҳибони нашрияҳои Тоҷикистон дақиқ намегӯянд, ки оё чопи матолиби марбут ба дини Ислом ва рӯҳониёни тоҷик ба афзоиши теъдоди нашри рӯзномаи онҳо сабаб шудааст ё хайр.

Вале Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода, таҳлилгари тоҷик, нашри матолибу саҳифаҳои вижа дар нашрияҳои кишварро дар мавриди бозтоби масоили исломӣ нокофӣ мехонад. Илова ба ин, оқои Сайфуллоҳзода мегӯяд, кори як идда аз соҳибони нашрияҳо дар заминаи пӯшиш додани масоили исломӣ мунсифона набудааст. “Яъне, ин сафҳаҳо на бо ҳадафи тарғиби дини мубини Ислом ва баёни мушкили пайравони он дар Тоҷикистон, балки бештар бо ҳадафи бардошти суди молӣ ташкил шудаанд”,-бовар дорад Ҳикматулло Сайфуллозода.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари тоҷик (аз тарафи рост)

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари тоҷик (аз тарафи рост)

Вай афзуд: “Онҳо дарк карданд, ки бе кашидани мавзӯи дин дар нашрия онҳо харидор пайдо намекунанд. Чун мардуми мусулмон ҳастанд, ки нашрия мехаранд. Ҳеҷ каси дигаре дар марҳалаи феълӣ ба нашрияҳои мустақил таваҷҷӯҳ намекунад. Барои ҳамин ин тур корҳоро роҳандозӣ карданд. Вале дида мешавад, ки ин гуна саҳифаҳо зуд аз байн мераванд. Умед дорам, бародарони ҳадафманде, ки дар нашрияҳо ҳастанд, ин гуна корро ба воситаи мақолаву изҳори назари худ дунбол карда ва дар умум манфиати мардуми мусулмонро дар нашрияҳо матраҳ мекунанд.”

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз ҳафтанома ва маҷаллаи “Рисолат”, ки нашрияи диниву маърифатист, дигар нашрияи хоси динӣ дар Тоҷикистон фаъолият надорад. Ҳатто Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ бар хилофи Идораи қозиёти охири солҳои ҳаштодуму оғози солҳои навадум бидуни нашрия аст. Дар гузашта Идораи қозиёти Тоҷикистон нашрияеро бо номи “Минбари ислом” чоп мекард, ки дабирии онро марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар дӯш дошт.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон” мегӯяд, ӯ чанд соли пеш нашрияи маърифатӣ-диниеро бо номи “Асолат” дар мақомоти давлатӣ сабт карда, тӯли якуним сол, як муддат дар дохили ҳафтаномаи “Озодагон” ва як муддати дигар дар шакли алоҳида аз чоп баровардааст. Вале ба далели пеш омадани мушкили молӣ ин нашрия ҳоло чоп намешавад.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили "Озодагон"

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи мустақили "Озодагон"

Ӯ афзуд: “Мо як чизи маърифатӣ-динӣ сохта будем, ки дар робита ба шариат ва воқеоти ҷаҳони ислом сӯҳбат мекард. Набояд ба дини ислом чун ба рӯҳонии ришдору ҷомапӯшу тоқӣ бар сар нигоҳ кард. Барои мисол, мо як мавзӯъ доштем: ислом ва физика. Яъне, ислом фарогири тамоми дунёст.”

Сардабири нашрияи “Озодагон” дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз дини мубини Ислом пайравӣ мекунанд, месазад чандин саҳифаҳои вижа ва ҳатто нашрияҳои хоси динӣ ҳам рӯи чоп оянд.

Вале ба суоли мо дар ин бора ки бо вуҷуди серхаридор будани мавзӯъ ва ниёзи бештари сокинон чаро сафи ин гуна нашрияҳо дар Тоҷикистон наафзудааст, Зафари Сӯфӣ гуфт: “Аввалан, бардоштҳои нодуруст ҷуре шуда, ки пеш аз он ки ба мақомот барои сабтиноми нашрия муроҷиат бикунанд, аксарият нигаронӣ доранд. Дуввум, мушкили асосии матбуоти мо ба назари ман сатҳи поини зиндагии мардуми мост. Яъне тавони хариди рӯзнома надоштани мардум ва гарон будани рӯзнома нисбати тавоноии молии мардум аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG