Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Ҳафт сол бе ҳукми қатл


Аз соли 2004 ба ин ҷониб дар Тоҷикистон ҷазои ҳукми қатл содир ва ҳамин тавр татбиқ намешавад.

Ибтидо ба ҷои ҷазои қатл солҳои тӯлонии зиндон пешбинӣ шуда буд, вале як каме баъдтар ин навъи ҷазоро бо ҷазои ҳабси якумрӣ иваз карданд.

Замони Шӯравии пешин дар қонунгузории Тоҷикистон барои 25 навъи ҷиноят ҷазои қатл татбиқ мешуд, аммо ҳоло ин ҷазо барои панҷ ҷиноят: терроризм, қатл, таҷовуз ба номус, геносиду биосид татбиқ мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, як тан аз вакилони мудофеи Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳоли таълиқ даровардани ҷазои олӣ, яъне ҳукми қатл дар қонунгузории ин кишвар натиҷаҳои мусбат ба бор овардааст. Зеро ин дигаргунӣ дар қонунгузорӣ боис шудааст, ки додрасҳои Тоҷикистонро аз эҳтимоли содир кардани иштибоҳи ҷуброннопазир эмин дорад.

Вагарна меафзояд, оқои Ёров, тӯли ин ҳафт сол имкон дошт чандин нафар аз шаҳрвандон танҳо бо як иштибоҳи додрас аз ҳаёт маҳрум шаванд. Дар ҳоле ки баъдан ин нафарон на танҳо сафеду бегуноҳ дониста мешаванд, балки ҳатто унвони қаҳрамонӣ низ мегиранд, ба мисли Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шотемур.

ҳукми қатл
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Ба таълиқ даровардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон яке аз тааҳҳудоти байнулмилалии ин кишвар аст, ки ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагон ва муовини собиқи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, бо комилан аз байн бурдани ин навъи ҷазо дар қонунгузорӣ хотима хоҳад ёфт. Оқои Ватанов афзуд, маҳрум кардани шахс аз ҳаёт, ки ҳамин ҳоло ҳам дар бархе аз кишварҳо ҳамчун ҷазо истифода мешавад, як ҷазои бераҳмона аст, ки дар шароити имрӯз қобили қабул нест.

Аммо Ашӯрбой Имомов, устоди донишгоҳ ва раиси пешини Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бо барҳам додани ҷазои қатл наметавон хушбин буд, ки афрод аз содир кардани ҷиноёти вазнин даст мекашанд. Зеро таҷриба нишон додааст, ки ҳатто дар бархе кишварҳои пешрафта низ ҳоло ин навъи муҷозот истифода мешавад.

Бо ин ҳол, давлати Тоҷикистон бо созмон додани як гурӯҳи корӣ дар доираи барномаи Ислоҳоти низоми додгоҳӣ қасд дорад, ки қонунгузории худро то соли 2013 тағйир диҳад ва интизор меравад то ин муддат ҷазои қатл ҳамчун навъи ҷазо комилан аз байн бурда шавад.

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Рут Дрейфус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:29 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG