Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Борис Тадич барои коҳиши ташаннуҷ дар шимоли Косово


Борис Тадич

Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон бо раҳбарони маҳаллии сербҳои шимоли Косово мулоқот кард, то бӯҳрони сербҳои маҳаллиро бо раҳбарони албанитабори Косово ҳал кунад. Тадич аз чаҳор шаҳрдори шимоли Косово хост, то онҳо ба рафту омади озодонаи нируҳои НАТО дар минтақа иҷоза диҳанд. Вале мақомоти маҳаллӣ изҳор доштанд, ки онҳо ин пешниҳодро баррасӣ хоҳанд кард. Сербҳои шимоли Косово дар роҳҳои рафту омад монеа гузоштаанд. Дар шимоли Косово аслан сербҳо сукунат доранд ва онҳо эъломияи истиқлоли давлати Косоворо эътироф намекунанд. Истиқлоли Косово соли 2008 эълон шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG