Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия шумораи қурбониёни зилзила афзоиш меёбад


Дар зилзилаи шарқи Туркия дастикам 138 кас кушта шудааст. Нахуствазир Раҷаб Тайип Эрдуғон гуфтааст, дар шаҳри Вон 93 ва дар шаҳраки Эрҷис 45 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи нахуствазир, 350 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва баъзе аз сокинон ҳанӯз аз вайронаҳо берун оварда нашудаанд. Дар зилзилае, ки шиддати он 7,2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод, бисёре аз биноҳо фурӯ рехтаанд. Вон шаҳри қадимӣ ва кӯҳистонист ва дорои як миллион нафар аҳолӣ мебошад. Матбуоти Туркия гуфтааст, ки нируи барқ ва иртиботи телефонӣ дар ин шаҳр қатъ шудааст. НАТО, Чину Ҷопон, Амрико ва Озарбойҷону кишварҳои аврупоӣ ба Туркия барои рафъи оқибатҳои зилзилаи марговар пешниҳоди кӯмак кардаанд.
XS
SM
MD
LG