Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Амрико ба Арабистони Саудӣ меравад


Шоҳзодаи Саудӣ Султон бин Абдулазиз даргузашт
Шоҳзодаи Саудӣ Султон бин Абдулазиз даргузашт
Кохи Сафед мегӯяд, Амрико ҳайатеро ба сарпарастии Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ба маросими ҷанозаи шоҳзода Султон бин Абдулазиз Арабистони Саудӣ мефиристад. Президент Барак Обама дар як сӯҳбати телефонӣ ба Абдулло-шоҳи Арабистони Саудӣ аз фиристодани ҳайат хабар дод ва таслияти хешро ба сабаби даргузашти шоҳзода иброз дошт. Обама аз саҳми шоҳзода Султон ва нақши вай дар таҳкими ҳамкориҳои миёни Амрико ва Арабистони Саудӣ дар давоми панҷ даҳсолаи гузашта ситоиш кард. Саудӣ эълон кард, ки шоҳзода рӯзи шанбе даргузаштааст.
XS
SM
MD
LG