Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TRT: Дар зилзилаи Туркия 85 нафар кушта шудаанд


Баъд аз зилзила дар Эрҷис
Баъд аз зилзила дар Эрҷис
Дар зилзилаи шарқи Туркия дастикам 85 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Телевизиони TRT гузориш додааст, ки дар шаҳраки Эрҷис 59 нафар кушта, 150 нафари дагар маҷрӯҳ шудаанд. Дар Вон 25 нафар ҷон додаанд. Дар вилояти Битлис як кӯдак ба ҳалокат расидааст. Аз сӯи дигар, Мустафо Эрдик-раиси пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Кандиллӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, тахмин зада мешавад, ки “аз 500 то 1000 нафар дар ин зилзила ҷон бохта бошанд”. Нахуствазир Раҷаб Тайип Эрдуғон аз вилояти Вон, ки маркази зилзила дониста мешавад, боздид кард. Дар марказ шиддати зилзила ба 7,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар будааст. Шаҳраки Тобонлӣ маркази зилзила эълон шудааст. Ин шаҳрак ба марзи Эрон наздик аст. Сокинони шаҳри Еревани Арманистон низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд ва бисёре аз сокинон аз хонаҳояшон ба берун давидаанд.
XS
SM
MD
LG