Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди таҳримҳои ИА ба Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш


Иттиҳодияи Аврупо ба Эрон ҳушдор дод, ки агар ба музокироти байналмиллалӣ барнагардад, имкон дорад ба таҳримҳои нав рӯ ба рӯ шавад. Дар як санади ниҳоӣ, ки дар нишасти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба тасвиб расид, ҳамаи 27 кишвари узв аз Эрон хостанд, ки тибқи муқаррароти байналмиллалӣ ба тааҳҳудоти худ эҳтиром гузорад. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз набуди ҳамкории Эрон бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ изҳори нигаронӣ карданд. Музокироти Эрон бо Британияву Фаронса, Олмону Русия ва Чину Амрико ба бунбаст расидааст, зеро Эрон хостҳои маҳофили байналмиллалиро роҷеъ ба қатъи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаиаш рад мекунад.
XS
SM
MD
LG