Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия эълон кард, ки ин кишвар озод шуд


Раҳбари Шӯрои миллии гузор Мустафо Абдулҷалил ва дигар мақомот ба шаҳри Бенғозӣ ҳозир шуда, маросимро аз қироати Қуръон ва иҷрои суруди миллии кишвар оғоз карданд. Ҳозирини зиёд бо парчами нави Либия ҳозир шуданд. Эълони озодии кишвар се рӯз баъди боздошт ва кушта шудани раҳбари собиқи ин кишвар Муаммар Қаззофӣ ва баъди ду моҳи зери дасти ҳукумати нав гузаштани назорати пойтахт шаҳри Троблус сурат мегирад. Шӯрои миллии гузор гуфт, ки эълони озодсозии кишвар ба ин маъност, ки дар пай дар давоми як моҳ ҳукумати муваққат ташкил шуда, дар ҳашт моҳи баъдӣ маҷмаи конститутсионӣ ва интихоботи парлумониву президентӣ баргузор мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири кишвар Маҳмуд Ҷибрил гуфт, ки баъди баъди эълони озодшавии кишвар ба истеъфо меравад.
XS
SM
MD
LG