Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои зилзилаи Туркия беш аз 1000 нафар буда метавонад


Мутахассисон бовар доранд, ки шумори қурбониҳои зилзилаи пуршиддати имрӯзаи шарқи Туркия аз ҳазор нафар зиёд бошад. Профессор Мустафо Эрдик, раҳбари маркази зилзилашиносии Истамбул дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки тибқи ҳисобҳои онҳо, “шумори қурбониёни зилзила аз 500 то 1000 нафар буда метавонад”. Нахуствазир Раҷаб Таиб Эрдуғон ба ошноӣ бо вилояти Вон ба шарқи кишвар сафар кард. Шиддати зилзилаи имрӯза дар ҳудуди 7,3 дараҷаи Риҳтер ҳисоб шуад, маркази он дар 19-километрии шимолушарқи Вон, дар марз бо Эрон гуфта мешавад. Муовини нахуствазир Басир Оталай гуфт, ки дар маркази Вон 10 сохтмон ва дар шаҳри Эркиси Анатолия 25-30 сохтмон сарозер шудаад. Созмони Салиби сурхи Туркия аллакай ба ироаи кӯмакҳо ба мардум шурӯъ карда, ба зарардидагони офати табиӣ хаймаву кампал ва ғизо тақсим мекунад. Вазири беҳдошт Раҷаб Оқдоғ мегӯяд, ки ёрии таъҷилии ҳавоӣ ва чанд чархбол ба маҳалли офатзада ирсол мешавад.
Ҷунбиши замин инчунин дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван эҳсос шудааст, сокинони зиёд манзилҳои худро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG