Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии маргталабе болои вазири дохилаи Афғонистон


Бисмиллоҳхон, вазири умури дохилаи Афғонистон

Бисмиллоҳхон, вазири умури дохилаи Афғонистон

Маргталабе, ки мехост ба ҷони вазири умури дохилаи Афғонистон сӯиқасд кунад, ноком шуд. Сухангӯи вазорати умури дохила Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, ки шаҳодатталабе имрӯз талош кард ба вазир Бисмиллоҳхон дар вилояти Парвон ҳамлае анҷом диҳад. Волии Парвон Абдулбасир Солангӣ гуфт, ки ҳамла дар ҷоддаи байни вулусволиҳои Саидхел ва Гулбаҳор иттифоқ уфтод. Солангӣ гуфт, ки корвони мошинҳои вазир дар роҳ барои намозхонӣ бозистод ва бомбгузор дар ҳамин ҳол талош кард аз зери пуле наздик шуда таркишро анҷом диҳад. Вале муҳофизони вазир сари вақт ҳамлагарро дида ӯро пеш аз кор андохтани маводи мунфаҷира нобуд карданд. Вай маводи таркандаро дар камарбандаш нигоҳ медошт, гуфтанд онҳо.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG