Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзилаи пуршиддате хоки Туркияву Арманистонро такон дод


рустои Табанлии Туркия

рустои Табанлии Туркия

Зилзилаи пуршиддате шарқи Туркия, наздикиҳои шаҳри Вонро дар садкилометрии марз бо Эрон такон дод. Хадамоти геологии ИМА шиддати зилзиларо дар ҳудуди 7,3 дараҷаи Риҳтер ҳисоб карда гуфтааст, ки маркази он дар 19-километрии шимолушарқи Вон будааст. Тибқи гузоришҳои муқаддамотӣ, дар Вон баъзе сохтмонҳо хароб шуда, дасти кам 50 нафар ба шифохона интиқол ёфтанд. Дар шаҳри ҳамсояи Эркис шаҳрдор Зулфиқор Арапоғлу гуфтааст, ки чанд сохтмон сарозер шуда бисёриҳо ба ҳалокат расиданд. Ҷунбиши замин инчунин дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван эҳсос шудааст, сокинони зиёд манзилҳои худро тарк карданд. Мақомот дар Арманистон гуфтанд, ки шиддати зилзила дар Арманистон дар ҳудуди 5-6 дараҷаи Риҳтер будааст, вале дар манотиқи марзӣ бо Туркия ларзиш пуршиддаттар эҳсос шудааст. Аз Эрон низ баъзе гузоришҳо дар бораи вуқӯи зилзила ба даст мерасанд.
XS
SM
MD
LG