Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Агар ИМА ба Покистон ҳамла кунад, мо бо Исломобод хоҳем буд"


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон гуфтааст, дар сурати низои низомӣ миёни Покистону Иёлоти Муттаҳида, Кобул аз Исломобод ҳимоя хоҳад кард.

Ин изҳорот дар тазод бо танишҳои ахир миёни ин ду кишвари ҳамсоя қарор дорад. Зеро Афғонистон Покистонро ба паноҳ додани шӯришиёни мухолифи давлат ва даст доштан дар террори Бурҳонуддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи ин кишвар, муттаҳам кардааст.

Бо ин ҳол, Ҳомид Каразй дар мусоҳибаи худ бо як телевизиони хусусии Покистон гуфта, ки агар ҷанг миёни Покистону Амрико рух бидиҳад, Афғонистон дар ҷониби Покистон қарор хоҳад гирифт.

“Агар Покистон мавриди ҳамла қарор мегирад ва агар мардуми Покистон ба кӯмаки Афғонистон ниёз дошта бошанд, мо бо Шумо хоҳем буд. Афғонистон бародари Покистон аст. Бар хилофи ҳама корҳое, ки идораҳои покистонӣ дар баробари Афғонистон анҷом додаанд, Афғонистон боз ҳам як бародар аст. Афғонистон ҳаргиз истиқбол, меҳмоннавозӣ, эҳтиром ва бародариро, ки мардуми Покистон ба мардуми Афғонистон нишон додаанд, фаромӯш нахоҳад кард. Мо панҷ миллион муҳоҷир дар он кишвар дорем”,-афзудааст оқои Карзай.



Аммо ба назари коршиносон эҳтимоли бархӯрди низомӣ миёни Амрико ва Покистон баъид ба назар мерасад. Ва бо вуҷуди моҳҳо таниш ва гуфтугӯҳои ҷиддӣ миёни Вашингтон ва Исломобод, ба назар мерасад, ки ҳар ду муттаҳид акнун ин танишҳоро коҳиш медиҳанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар дидори дурӯза аз Исломобод ба мақомоти он кишвар ҳушдори ҷиддӣ дод ва хоҳони ҳамкорӣ дар иртибот ба поёни ҷанг дар Афғонистон шуд. Аммо вай эъзоми сарбозон ба Вазиристони Шимолиро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар мусоҳиба бо як телевизиони хусусии Покистон хоҳони гуфтугӯҳои сулҳ бо шабакаи тундрави Ҳаққонӣ шудааст. Вай гуфтааст, гуфтугӯҳо бо ин шабака бояд дар Покистон сурат бигиранд.

Бо ин ҳол, изҳороти ахири Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, вокунишҳои мухталифи ҷомеаи ин кишварро дар пай доштааст. Агар бархе аз ин мавқеи раисиҷумҳури кишвари худ ҳимоят кунанд, вале гурӯҳи дигар оқои Карзайро барои як чунин изҳороти ба гуфтаи онҳо “тазодомез” интиқод кардаанд.

Сӯҳбати ҳамкорони мо дар бахши дарии Радиои Озодиро бо Сайид Аҳмадӣ, коршиноси умури сиёсии Афғонистон дар ин бора бишнавед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG