Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Яман ва кормандони соҳаи беҳдошт мегӯянд, ки дар хушунатҳои рӯзи шанбе дар ин кишвар 20 нафар кушта шуданд. Хушунатҳо баъди он сар зад, ки СММ аз президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ даъват кард, ки ба истеъфо равад. Артиши ҳукумат маҳалҳои зисти яке аз мухолифони Солеҳро субҳи шанбе тирборон кард ва ин ҳодиса боиси шурӯи ҷангҳои хиёбонӣ дар шаҳри Санъо шуд. Дар миёни кушташудаҳо мухолифони Солеҳ ва сарбозони ҳукуматӣ буданд. Рӯзи ҷумъа Шӯрои амнияти СММ қатъномаи маҳкумкунандаи хушунатҳои Яманро қабул ва президентро ба истеъфо даъват кард.
XS
SM
MD
LG