Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Бруссел раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо нишастеро ба хотири ҳалли бӯҳрони молии минтақаи таҳти нуфузи Евро барпо карданд. Раҳбарони Фаронсаву Олмон дар остонаи қабули нақшаи фарогири рафъкунандаи бӯҳрони қарзии Юнон мегӯянд, ба пешравие даст ёфтаанд. Нишасти имрӯза ният дорад созиши аъзои иттиҳодро дар амри таҳкими Еврову бонкҳои аврупоӣ ва мутақоидсозии бозорҳо дар ин ки бӯҳрони Юнон то Испанияву Италия тавсеа намеёбад, ба даст оварад. Президенти Фаронса Николя Саркозӣ дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, ки бовар дорад то рӯзи чоршанбе созише ҳосил хоҳад шуд:

«Гӯш кунед, ин мулоқотҳои хеле муҳиманд, роҳҳалҳо бояд пайдо шаванд. Вазъи молӣ бояд ба эътидол оварда шуда бӯҳрони молии баамаломада бояд бартараф шавад. Мо пайваста нишастҳо барпо мекунем. Ман субҳ бо садри аъзам Меркел гуфтугӯе доштам. Аллакай баъзе пешравиҳо ба чашм мехӯранд».

Тибқи гузоришҳо, яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ ин аст, ки чанд дар сади қарзҳои Юнон ба унвони бохтҳои маҷбурии бонкҳо пазируфта мешавад, бархе мегӯяд, сухан дар бора на камтар аз 50 % меравад. Юнон мунтазири дарёфти 8 миллиард евро қарзи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул аст.
XS
SM
MD
LG