Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Тунис нахустин интихоботи озод бо ширкати аҳзоби мухталифи сиёсӣ баргузор мешавад. Баъди нӯҳ моҳи пеш сарнагун шудани ҳукумати 23-солаи Занулобиддин Беналӣ дар Тунис, ин нахустин интихоботи озод дар ин кишвари арабӣ дар фазои ба истилоҳ «Баҳори Араб» аст, ки ҳоло дар Мисру Либияву Сурия ҳукмфармо мебошад. Мардуми Тунис бояд парлумони нави иборат аз 217 курсиро интихоб кунад, ки бо эҷоди матни сарқонуни нави кишвар ва таъини ҳукумати муваққат машғул хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ҳизби исломии дар аҳди Беналӣ зери фишорбудаи Аннаҳда дар интихобот пирӯз шавад. Президенти муваққат Фуад Мебаза, муттафиқи собиқи Беналӣ гуфтааст, ки ба ҳар касе, ки раҳбар интихоб шуд, ҳукуматро таслим хоҳад кард. Беш аз 7 миллион мардуми ин кишвар ҳақи ширкат дар интихоботро доранд. Занулобиддин Беналӣ ҳоло дар Арабистони Саъудӣ маскан гирифтааст.
XS
SM
MD
LG