Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Каримов эҳтироми ҳуқуқи башарро тақозо кард


Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз раҳбари Ӯзбакистон Ислом Каримов дар ҷараёни сафараш ба Тошканд тақозо кардааст, ки ба риояи ҳуқуқи инсон арҷ гузорад. Каримов, ки баъди рӯйдодҳои хунини соли 2005 Андиҷон дар поймолкунии ҳуқуқи башар муттаҳам мешавад, яке аз раҳбарони истибдодии минтақа маҳсуб мешавад. Клинтон, ки баъди боздид аз Тоҷикистон шоми шанбе бо Каримов дар Тошканд мулоқот кард, аз баландтарин мақомҳои ҳукумати Амрикост, ки баъди бардошта шудани таҳримҳои ҳафтсолаи кӯмакҳо, аз ҷумла ёриҳои низомӣ бар зидди Ӯзбакистон дар моҳи сентябр, аз ин кишвар дидан мекунад. Дар изҳороти як мақоми амрикоӣ гуфта мешавад, ки Каримов ваъдаи пешрафт дар ислоҳоти демокративу озодиҳо карда гуфтааст, ки мехоҳад кишвари ободеро барои наслҳои баъдӣ ба мерос гузорад. Каримов беш аз 20 сол аст, ки сари қудрат мебошад.
XS
SM
MD
LG