Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳалгароӣ ҳам даво дорад, агар...


Яке аз хонандагони торнамои “Озодӣ” -- Саодати Амируллоҳ чанде аз навиштаҳои худро бо номи “Чакидаи андеша” ба мо фиристодааст, то онро нашр бикунем. Ҳоло яке аз он навиштаҳоро манзури Шумо мегардонем, ки дар робита ба мавзӯи маҳалгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Маҳалгароӣ... Ин дард ишқи ҳазорон инсонро нисбати якдигар “мекушад”.

Ин зуҳурот тӯли қарнҳо обутоб ёфта, ба яхпораи сахту беҳис, сарду берӯҳ, кушанда, душманзо ва ҷудоиандоз табдил гаштааст. Тақдири одамон акнун дар осиёби танги он садпора мегардад.

Зеро маҳалгароӣ худ душмани озодӣ ва пешравии миллату давлат аст. Маҳалгароӣ оянда надорад, вале мезияд. Хосияташ мисли бемории саратон аст. Яъне хӯрдан ва маҳви ҳуҷайраҳо. Ин беморист, ки ба оҳистагӣ ними бадани миллатро фалаҷ мекунад.

Ҳатто ҷавононе, ки дар берун аз кишвар ба воя расида, дар он ҷо таълим гирифтаанду маҳалгароиро пасмондаи таърих медонанд, чун вориди кишвар мегарданд, аз ҳавои олуда ба маҳалгароӣ нафас кашида, худ низ маҳалгаро мешаванд.

Агар фарди маҳалгаро мансабдор бошад, тамоми меъёри муайянкунандаи манфиатҳояш дар асоси маҳал сурат гирифта, маҳз ба он такя мекунад.

Гумон мекунам, маҳалгароӣ мисли донаи гандум аст. Танҳо осиёб қодир аст, ки донаҳои гандумро пора созад, дарҳам занад ва он ҷавҳар, яъне ордро берун бикашад, омезиш бидиҳад ва якранг созад. Бо як ном -- орд. Он орде, ки аз он нон мепазанд.

Тавассути гирд овардани донишмандони воқеии ин диёр ва сарсупурдаҳои миллат метавон чунин осиёби фарҳангиро созмон дод. Зеро танҳо ин гурӯҳ қодиранд, ки маҳалгароиро пора-пора карда, нест созанд ва аз маҳвшавии миллати як марому якранги тоҷик ҷилавгирӣ кунанд. Миллате, ки мояи фахраш на сухани лаҳҷавӣ, балки адабии пур аз фарҳанг, шеъру адаб ва орӣ аз ғайбату таҳқиру дашном будааст.

Саодати Амируллоҳ
XS
SM
MD
LG