Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷуфти ҳамсарони олмонӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия боздошт шуданд


Маҷаллаи "Der Spiegel", чопи Олмон гузориш медиҳад, ки мақомоти ин кишвар ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия боздошт карданд. Гузориш ҳокист, ки як ҷуфти зану шавҳар рӯзи сешанбе дар манзилашон дар шаҳри Балленгени ғарби Олмон боздошт шуданд. Маҷаллаи мегӯяд, ки ба бовари тафтишот, ҳамкории ин ҷуфти ҳамсарон дар даврони шӯравӣ бо КГБ шурӯъ шуда имрӯз бо хадамоти ҷосусии хориҷии Русия идома дорад. Гузориш ҳокист, ки дар бораи фаъолияти онҳо тафтишот баъди боздошти шабакаи ҷосусони рус дар ИМА моҳи июли соли гузашта хабардор шуда аз он замон то имрӯз аз пушти онҳо назорат мебурданд. Мақомоти русӣ дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфтаанд, ки ин гузоришро шарҳ намедиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG