Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: ИМА ба ӯҳдадориаш дар заминаи бунёди ояндаи демократии Ироқ пойбанд аст


Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз гуфт, ки ИМА ба ӯҳдадориаш дар заминаи бунёди ояндаи демократии Ироқ “аз гузашта бештар пойбанд” аст, ҳарчанд то охири соли ҷорӣ нирӯҳояшро аз хоки ин кишвар берун хоҳад кашид. Зимни як суханронӣ дар Душанбе ӯ гуфт, ки ИМА дар минтақа ҳузури қавиву давомдоре хоҳад дошт.


Рӯзи шанбе маъмурияти Ироқ аз изҳороти президенти Амрико Барак Обама истиқбол кард, ки гуфтааст, то охири соли ҷорӣ 40 ҳазор нирӯи низомии амрикоӣ хоки Ироқро тарк хоҳанд кард. Дар изҳороте, ки аз ҷониби дафтари нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ садо дод, гуфта мешавад, ки хуруҷи комили нирӯҳои амрикоӣ имкон медиҳад, ки ин ду кишвар равобити нави стратегиро шурӯъ кунанд, ки ба манфиати ҳарду давлат бошад. Обама шоми шанбе чунин гуфт:

“Дар давоми ду моҳи оянда даҳҳо ҳазор нирӯи мо дар Ироқ бору муҳимот ва ҳавопаймоҳои худро барои бозгашт ба ватан омода хоҳанд кард. Сарбози охирини амрикоӣ хоки Ироқро бо сари баланд ва боғурур аз муваффақияти ҳосилшуда тарк хоҳад кард, чун медонад, ки мардуми Амрико дар пуштибонии нирӯҳояш муттаҳид будааст”.


Раиси ситоди артиши Ироқ Бобакар Зебарӣ бо ин вуҷуд гуфтааст, ки хоҳони дар кишвар мондани шуморе аз нирӯҳои Амрико ва НАТО ба хотири тамрини сарбозони ироқӣ мебошад, то ки роҳи истифода аз силоҳҳои аврупоиву амрикоиро биомӯзанд.
XS
SM
MD
LG