Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ.Клинтон: "Аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ ва матбуот нигаронем"


Ҳилларӣ Клинтон бо Ҳамроҳхон Зарифӣ. Душанбе, 22 октябри соли 2011

Ҳилларӣ Клинтон бо Ҳамроҳхон Зарифӣ. Душанбе, 22 октябри соли 2011

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, бо Э.Раҳмон қазияҳои маҳдуд шудани озодии мазҳабӣ ва матбуотро дар миён гузоштааст.

Хонум Клинтон афзуд, Амрико аз бархе қазияҳои вобаста ба маҳдудияти озодии матбуот ва фаъолиятҳои мазҳабӣ нигарон аст.

АМРИКО АЗ МАҲДУДИЯТҲОИ МАЗҲАБӢ НИГАРОН АСТ

Хонум Клинтон аз ҷумла гуфт: “Мо бо президент дар мавриди озодиии баён ва озодиҳои мазҳабӣ сӯҳбат кардем. Ҳамчунон, ки ман субҳ гуфтам, ҳар кас ҳақ дорад, ки фароизи мазҳабии худро озодона иҷро намояд. Бинобар ҳамин ман мухолифи ҳар гуна маҳдудиятҳои мазҳабӣ мебошам ва ин ҷойи нигаронӣ ҳам дорад, зеро ҳаққи ибодат аз ҳуқуқи аввалияи ҳар шахс дар ҳар давр ва ҳар ҷой ҳаст.”

Хонум Клинтон дар посух ба ин суол, ки оё дар мулоқот бо раиси ҷумҳур қазияҳои вобаста ба матбуот ва маҳдудиятҳо дар ин заминаро дар миён гузоштааст, гуфт: “Мо ҳамчунон дар мавриди маҳдудиятҳои озодии баён нигарон ҳастем. Ва қазияҳои вижае ҳастанд, ки мо онҳоро матраҳ кардем ва тавассути сафорат, форумҳо ва вазорати хориҷа онҳоро дунболагирӣ хоҳем кард. Зеро мо бовар дорем, ки рӯзноманигор бояд озод бошад ва вазифаи худро бидуни ягон тарс иҷро намояд. Барои ҳамин ба зарурати озодии матбуот таъкид мекунем.”


Хонум Клинтон афзуд, ки маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ метавонад боиси густариши ҳаракатҳои махфӣ ва нимапинҳонии мазҳабӣ шавад, ки он ба афзоиши тундгароӣ мусоидат мекунад.

ПУШТИБОНӢ АЗ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ

Хонум Клинтон роҷеъ ба идомаи кӯмак ва дастгирии Амрико аз вуруди сармоягузорӣ ба Тоҷикистон суҳбат намуд ва гуфт, ки кишвараш ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз имконоти худ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, барномаи ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ростои иҷрои тарҳи “Роҳи нави абрешим” қобили арзёбист, ки дар сурати иҷро ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд. Аммо хонум Клинтон афзуд, Тоҷикистон дар ин замина як силсила мушкилоти дорад, ки бояд онҳоро рафъ кунад. Ӯ ислоҳи қонунгузорӣ ба манзури ҷалби сармоягузориҳо ва мубориза бо фасоду риояи ҳуқуқи башарро аз муҳимтарин вазифаҳо дар ин замина унвон кард.

Ӯ гуфт, Амрико аз иқдоми Тоҷикистон, ки мехоҳад бо рушди бахши тавлидот ва роҳандозии барномаи иқтисодӣ аз муҳоҷирати рӯ ба афзоиши шаҳрвандон ба хориҷ ба манзури ёфтани ҷои кор ҷилавгирӣ кунад, пуштибонӣ менамояд.




"МЕХОҲЕМ ТОҶИКИСТОН ДӮСТИ ХУБИ АМРИКО БОШАД"

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар Душанбе гуфт, "мо мехоҳем, Тоҷикистон дӯсти хуби Амрико бошад."

Дар ҳамин ҳол, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқотҳои сафари вазири хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ин сафар марҳилаи наве дар робитаҳои ду кишварро оғоз хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон аз «Роҳи нави абрешим» истиқбол мекунад: «Ин сафари вазири хориҷаи ИМА дар раванди ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дарозмуддату босубот ва гуногунҷанбаи кишварҳои мо қадами наве тозае хоҳад буд.»



СИПОСИ КЛИНТОН АЗ ТОҶИКИСТОН

Хонум Клинтон ҳамчунин гуфт, аз Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои кӯмак дар истиқрори сулҳу субот ва рушди Афғонистон изҳори сипос кардааст ва афзуд, ки ҳамкории Амрико ва Тоҷикистон дар ин самт идома хоҳад кард. Авзои Афғонистон ва амнияти минтақа баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвар ҳамчунин яке аз мавзӯҳои мавриди нигаронии иштирокдорони мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон дар Маркази исмоилияи Душанбе буд, ки ба такрор аз сӯи ҳозирин-намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон матраҳ шуд.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар посух ба ин нигарониҳо ва дар робита ба ҳузури баъдии Амрико дар минтақа гуфт: «Он чӣ, ки дар оянда дар Афғонистон пеш хоҳад омад, қабл аз ҳама аз худи афғонҳо ва инчунин аз ҳамаи минтақа вобаста мебошад. Ба тадриҷ неруҳои афғонӣ назорат бар авзоъро бар ӯҳдаи худ мегиранд ва мо бар ин раванд кӯмак мекунем. Ҳоли ҳозир ИМА дар пайи таҳияи як созиши стратегӣ бо Афғонистон аст, то афғонҳо эҳсос кунанд, ки мо дар канори онҳо ҳастем ва онҳоро ба ҳоли худ раҳо нахоҳем кард ва ба сурати давомдор дар Афғонистон ҳузур хоҳем дошт.»

Хонум Клинтон ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико ба раванди сулҳ дар Афғонистон кӯмак мекунад ва дар миёни шӯришиён гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дубора ба ҷомеа бар гарданд. Ӯ гуфт, Афғонистон дар давоми ҷангҳои дохилӣ ба як гузаргоҳи ҷангиёну террористон табдил шуда буд ва ҳадафи мо ин аст, ки ин кишвар ба чорраҳаи фурсатҳои иқтисодӣ миёни ҷанубу шимол ва шарқу ғарб табдил кунем.

УЗБАКИСТОНУ "РОҒУН" НИЗ БАҲС ШУД...

Ҳуқуқи башар, муносибот бо Узбакистон, мушорикати фаъоли занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, сохтмони Роғун ва мавзеъи Амрико дар қиболи он аз мавзуъҳои дигаре буд, ки бо вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбат бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар миён гузошта шуд.

Хонум Клинтон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, дар ишора ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва мухолифатҳои Узбакистон дар ин замина гуфт, Тоҷикистон бояд мунтазири натоиҷи ниҳоии ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бимонад.


Як бахши суолу ҷавобҳо бо хонум Клинтон ба сафари ӯ ба Узбакистон ихтисос дошт. Вай дар посух ба суоли он, ки пас аз ҳаводиси хунини Андиҷон чӣ гуна Амрико бо ҳукумати Ислом Каримов музокира хоҳад кард, гуфт, "воқеан мо ҳодисаи Андиҷонро маҳкум карда будем ва борҳо риояти ҳуқуқи башарро матраҳ кардаем. Аммо ҳоло музокирот бояд бо ҳукумати Узбакистон дар заминаҳои мухталиф, аз он ҷумла риояти ҳуқуқи башар сурат бигирад. Ба ин далел дар сафар ба Узбакистон бо мақомоти он кишвар ин масоил ҳатман баррасӣ хоҳад шуд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG