Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷону Словения барои курсии Шӯрои амният мубориза мебаранд


Сабқати миёни Озарбойҷону Словения барои бурдани курсии ҳузури дусола дар Шӯрои амнияти СММ то рӯзи душанбе таъхир уфтод. Дар нӯҳ даври овоздиҳӣ на Озарбойҷон ва на Словения натавонистанд аз се ду ҳиссаи овози 193 узви маҷмаи кулли СММ-ро ба даст оваранд, ки барои ду сол ҳақи узвият дар Шӯрои амниятро ба намояндагӣ аз умури Аврупои Шарқӣ фароҳам меорад. Дар гузорише аз ин пеш гуфта шуд, ки Покистон, Марокаш, Гватемала ва Того ба мӯҳлати дусолӣ ҳақи узвият дар Шӯрои амниятро ба даст оварданд. Салоҳиятҳои онҳо аз оғози соли 2012 шурӯъ шуда, то охири соли 2013 идома хоҳад кард. 15 узви Шӯрои амният масъули тасмимгирӣ дар масоили муҳими амниятии ҷаҳон буда, панҷ кишвари он (Бритониё, Русия, Чин, ИМА ва Фаронса) ба унвони аъзои доимии Шӯрои амният, ҳақи ветогузорӣ дар тасмимҳои ин шӯроро доранд.
XS
SM
MD
LG