Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меросбари аввали тахти салтанатии Саъудия даргузашт


Арабистони Саъудӣ дар бораи даргузашти шоҳзода Бин Абдулазиз Ассаъуд, ки меросбари тахт маҳсуб мешуд, хабар дод. Дар изҳороти додгоҳи салтанатии Саъудӣ, ки аз ҷониби хабаргузории SPA пахш шуд, гуфта мешавад, ки шоҳзода Султон дар хориҷа субҳи имрӯз бар асари беморӣ даргузашт. Рӯзи сешанбе дар Риёз маросими хоксупории шоҳзодаи 83-сола баргузор хоҳад шуд. Бародари шоҳ Абдуллоҳ, раҳбари Саъудия, аз моҳи июн ба ин сӯ дар муолиҷаи яке аз касалхонаҳои ИМА буд. Вай 40 соли охир дар ҳукумати ин кишвари азимтарини тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон вазифаи вазири дифоъро иҷро кардааст. Бо марги Бин Абдулазиз Ассаъуд меросбари аввали тахти Саъудия вазири умури дохилаи кишвар шоҳзода Найиф мешавад.
XS
SM
MD
LG