Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабилаи Қаззофӣ мехоҳад ҷасади ӯро аз рӯи қонунҳои шариат ба хок супорад


Қабилаи раҳбари кушташудаи Либия аз ҳукумати Шӯрои миллии гузор талаб дорад, ки ҷасади Муаммар Қаззофӣ барои хоксупорӣ дар зодгоҳаш шаҳри Сирт ба онҳо дода шавад. Дар изҳороти қабила омадааст, ки “мо аз аз СММ, Созмони конфронси Исломӣ ва Афви байнулмилал тақозо мекунем, ки Шӯрои миллии гузор ҷасади шаҳидонро ба аҳли қабила бо мақсади хоксупории онҳо аз рӯи қавонини исломӣ дар шаҳри Сирт таслим кунад”. Ҷасади хунолуди Қаззофӣ ҳоло дар мазҳари ом дар як маркази тиҷоратии шаҳри Мисрота гузошта шудааст. Мақомоти Либия ҳанӯз ба хулосаи ягона нарасидаанд, ки бо ҷасади раҳбари собиқи ин кишвар чӣ кор кунанд.
XS
SM
MD
LG