Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Беларус эътирозгарони ҳукумати Лукашенко боздошт шуданд


Полиси Беларус, тибқи гузоришҳо, дасти кам се узви мухолифинро боздошт карда даҳҳо нафари дигарро аз ҳақи баргузории намоиши эътирозӣ зидди ҳукумати Александр Лукашенко маҳрум кард. Хабаргузории Associated Press мегӯяд, ки фаълон дар майдони Октябрская дар шаҳри Минск рӯзи ҷумъа боздошт шуданд. Дар дасти онҳо акси сиёсатмадорону номзадҳои президентии зиндонӣ будааст. Онҳо шиори “Қаззофӣ имрӯзу Лукашенко фардо!”-ро ба забон меоварданд. Саркӯби мухолифон дар Беларус аз декабри порсол, баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ахири ин кишвар шиддат гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG