Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои ташреҳи комили тарзи кушта шудани Қаззофӣ аз ҳукумати муваққати Либия


Ҳукумати муваққати Либия бояд ба саволи ҷонибҳои мухталифи сиёсӣ дар саросари ҷаҳон посух диҳад, ки оё раҳбари пешини кишвар Муаммар Қаззофӣ ба чӣ шакл кушта шуд. Қаззофӣ рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Сирт кушта шуд, вале дар наворҳои видеоии пайдошуда маълум буд, ки чанд лаҳза пеш аз маргаш ӯро оғуштаи хуну захмӣ афроди низомиву ғайринизомӣ иҳота карда буданд. Ҳоло саволи аслӣ ин аст, ки оё Қаззофӣ ба кадом шева кушта шуда буд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, масъули ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай ва гурӯҳҳои дигари муҳофизи ҳуқуқи башар, мисли Афви байнулмилал тақозои ташреҳи тарзи кушта шудани диктатори собиқи Либияро кардаанд. Вазорати хориҷаи Амрико тақозо кардааст, ки Шӯрои миллии гузор шароити кушта шудани Қаззофиро ба таври шаффоф тавзеҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG