Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Ироқ аз хуруҷи комили нирӯҳои амрикоӣ то охири соли ҷорӣ аз хоки ин кишвар


Ҳукумати Ироқ изҳороти президенти Амрико Барак Обамаро истиқбол кард, ки гуфтааст, то охири соли ҷорӣ 40 ҳазор нирӯи низомии амрикоӣ хоки Ироқро тарк хоҳанд кард. Дар изҳороте, ки аз ҷониби дафтари нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ садо дод, хуруҷи комили Амрико имкон медиҳад, ки ин ду кишвар равобити нави стратегиро, ки ба манфиати ҳарду давлат бошад, оғоз кунанд. Раиси ситоди артиши Ироқ Бобакар Зебарӣ бо ин вуҷуд гуфтааст, ки хоҳони дар кишвар мондани шуморе аз нирӯҳои Амрико ва НАТО ба хотири тамрини сарбозони ироқӣ мебошад, то ки роҳи истифода аз силоҳҳои аврупоиву амрикоиро биомӯзанд. Обама дар ин замина шоми шанбе изҳорот дод ва гуфт:


“Дар давоми ду моҳи оянда даҳҳо ҳазор нирӯи мо дар Ироқ бору муҳимот ва ҳавопаймоҳои худро барои бозгашт ба ватан омода хоҳанд кард. Сарбози охирини амрикоӣ хоки Ироқро бо сари баланд ва боғурур аз муваффақияти ҳосилшуда тарк хоҳад кард, чун медонад, ки мардуми Амрико дар пуштибонии нирӯҳояш муттаҳид будааст”.


Нирӯҳои амрикоӣ ҳашту ним соли пеш бо амри президенти вақт Ҷорҷ Буш барои сарнагун кардани диктатори Ироқ Саддом Ҳусайн вориди хоки ин кишвар шуд ва дунболи пайдо кардани силоҳи куштор ҷамъӣ буд, ки бенатиҷа будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG