Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон дар Душанбе. Аз вазъи ҳуқуқи башар то сарнавишти Роғун


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, 22 октябри соли 2011

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, 22 октябри соли 2011

Вазири умури хориҷаи Амрико дар Душанбе гуфт, "мо мехоҳем, Тоҷикистон дӯсти хуби Амрико бошад."

Ин матлабро Котиби давлати Иёлоти Муттаҳида дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи маданӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе баён кард. Ин мулоқот ҳудуди як соат дар фазои озод ҷараён гирифт. Зеро хонум Клинтон як суханронии кӯтоҳе ироа карда ва ба дунболи он бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муколамаи созандаеро анҷом дод.

Меҳвари суханронии хонум Клинтонро густариши ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон, ба хусус дар заминаҳои рушди демократия, волияти қонун, риояти ҳуқуқи башар, озодии баён, озодиҳои мазҳабӣ, мустақилияти додгоҳҳо ва мушорикати фаъоли занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ дар бар гирифт.


Ин буд, ки Котиби давлатии ИМА гуфт, кишвараш барои тасвсеи иқтисодии Тоҷикистон барномаҳоеро рӯи даст дорад ва талош хоҳад кард, то ин кишвар ба рушди бештаре дар бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ даст ёбад. Ба таъкиди хонум Клинтон, ИМА аз соли 1992 то ҳол барои иҷрои барномаҳои мухталиф ба маблағи 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.

Хонум Клинтон дар ин мулоқоташ, ки дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе доир гашт, дар ишора ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва мухолифатҳои Узбакистон дар ин замина гуфт, Тоҷикистон бояд мунтазири натоиҷи ниҳоии ташхиси коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бимонад.
Ҳамзамон хонум Клинтон таъкид кард, ки Тоҷикистонро лозим аст барои рушди ҳар чи бештари иқтисодӣ иқдомотеро дар заминаҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва рафъи маҳдудиятҳо барои тиҷорати озод пиёда кунад.

Вазири умури хориҷии Амрико дар посух ба суоли марбут ба вазъи Афғонистон ва стратегияи ояндаи ИМА дар ин кишвар гуфт, Иёлоти Муттаҳида хоҳони истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон аст. Дар ҳамин ҳол хонум Клинтон аз кӯмакҳои Русия барои интиқоли маводи икмолотӣ барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон низ ёдоварӣ ва қадрдонӣ кард.

ВОКУНИШҲО БА СУХАНРОНӢ ВА СӮҲБАТҲОИ ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН РО ДАР ВИДЕОИ ЗЕР БУБИНЕД:



Вай афзуд, албатта, нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳро дар Афғонистон намехоҳанд, аммо бо ин ҳам бояд талош хоҳанд кард, то дар ин кишвар сулҳ пойдор шавад. Ин аст, ки ба гуфтаи хонум Клинтон, Амрико аз гурӯҳҳое дар Афғонистон пуштибонӣ хоҳад кард, ки шартҳои сулҳро қабул доранд. Вай ҳамчунин амалишавии тарҳи "Роҳи нави абрешим" дар минтақаро муҳим арзёбӣ намуд.

Як бахши суолу ҷавобҳо бо хонум Клинтон ба сафари ӯ ба Узбакистон ихтисос дошт. Вай дар посух ба суоли он ки пас аз ҳаводиси хунуни Андиҷон чӣ гуна Амрико бо ҳукумати Ислом Каримов музокира хоҳад кард, гуфт, "воқеан мо ҳодисаи Андиҷонро маҳкум карда будем ва борҳо риояти ҳуқуқи башарро матраҳ кардаем. Аммо ҳоло музокирот бояд бо ҳукумати Узбакистон дар заминаҳои мухталиф, аз он ҷумла риояти ҳуқуқи башар сурат бигирад. Ба ин далел дар сафар ба Узбакистон бо мақомоти он кишвар ин масоил ҳатман баррасӣ хоҳад шуд."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG