Пайвандҳои дастрасӣ

Акнун ин созмон “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” ном дорад. Созмони Перм ягона созмони бузургест, ки “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” ба таври расмӣ фаъолияти худро дар қаламрави Русия идома медиҳад. Ба ин далел анҷуман дар ҳамин шаҳр баргузор шуд. Баҳори соли 2009 вазорати адлияи Русия сабти номи ин созмонро тамдид накард ва фаъолияти он мутаваққиф шуд. Созмон бар зидди ин тасмими вазорат ба додгоҳи Русия шикоят бурд, вале ин тасмим бидуни тағир боқӣ монд. Дар як гуфтугӯ аз Абдуллоҳ Давлатов-раиси ин созмон пурсидам, дар ин ду соли мамнуият оё созмон фаъолият дошт?

Абдулло Давлатов: Фаъолияти мо ягон лаҳза ҳам қатъ нашудааст. Аз лиҳози ҳуқуқӣ боздошт шуда буд. Масъалаҳои ҳуқуқӣ буд, ки ҳамаи онҳо ҳал шуданд.

Озодӣ: Оё баъд аз он, ки дар соли 2009 фаъолияти созмони шуморо мутаваққиф карданд, шумо дар ин муддат талошатонро идома додед барои дубора сабти ном кардан ва ба таври расмӣ идома додани фаъолияти ин созмон дар қаламрави Русия?

Абдулло Давлатов: Албатта. Мо 30 октябри соли 2010 боз ҳам анҷумани созмонҳои минтақаии худро гузарондем. Онҳо дар бинои “Дом Кино”-и Маскав анҷуман гузаронданд, аз 22 минтақаи Русия раисони созмонҳо омада буданд ва аз 9 минтақаи дигар аз роҳи факс тасдиқ карданд, ки онҳо бо мо ҳастанд. Мо он ҷо тасмим гирифтем, ки ба асоснома баъзе ислоҳоти ҷузъӣ дарорем. Масалан, “Союз таджикистанцев” ё “Иттиҳодияи тоҷикистониён” дар забони русӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ маънии онро дорад, ки фақат шаҳрвандони Тоҷикистон дар он шомил шуда метавонанд. Барои ҳамин тасмими гирифтем, ки номашро дигар кунем. Ҳоло дар анҷумани Перм номи он “Иттиҳоди тоҷикони Русия” шуд. Ҳам аз ҷиҳати гуфтушунидҳо бо вазорати адлияи Русия ва ҳам аз ҷиҳати кори ҳамарӯза кори созмон ягон сония қатъ нашудааст.

Озодӣ: Фикр мекунед, он пешниҳодҳое, ки вазорати адлия барои дубора сабти ном шудан ба шумо ироа дошта буд, ҳамаи он пешниҳодҳо иҷро шудааст, яъне асноди ҳуқуқӣ омода аст?

Абдулло Давлатов: Ду бор ҳуҷҷатҳои моро баргардонданд. Мо ҳамаи пешниҳодҳоро ба инобат гирифтем ва боварӣ дорем, ки мо ин навбат ҳуҷҷатҳои лозимаро мегирем. Масалан, дар эроди аввалаашон ҳамин номи созмон ҳам буд. Мо тағйир додем. Баъд аз минтақаҳо ҳуҷҷатҳо лозим буд, ҳамаи онро мо аз 49 минтақа пешниҳод кардем. Ононе, ки дар роҳбарияти минтақаҳо ҳастанд, шумораи телефонҳо ва адресҳояшонро додем. Ин адресҳоро тафтиш карданд, ҳамаи онҳо дуруст ва қонунӣ аст.

Озодӣ: Агар дар ёд дошта бошед, баъд аз он, ки фаъолияти созмони шуморо муттаваққиф карданд, шумо дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфта будед, ки дар байни аъзои раёсати созмон ҳам баъзе ихтилофи назарҳо пеш омада буд ва он ҳам яке аз заминаҳои мутаваққиф шудани фаъолияти ин созмон буд. Ҳоло ҳам ин гуна ихтилофи назарҳо боқӣ мондааст?

Абдулло Давлатов: Он ҷо ихтилофи назарҳо ҳам набуд. Он ҷо
Мо бояд ҳисобот месупоридем, дар асл талаботи вазорати адлия дуруст буд. Маъмулан созмонҳо ҳисобот месупоранд.

ноӯҳдабароиву нофаҳмии моҳияти қонунҳои созмонҳои ҷамъиятӣ аз тарафи собиқ ҷонишинони ман ва аъзои раёсат буд. Мо бояд ҳисобот месупоридем, дар асл талаботи вазорати адлия дуруст буд. Маъмулан созмонҳо ҳисобот месупоранд. Вақте, ки ман ба ҷонишинон ё аъзои раёсат дар минтақаҳо мегуфтам, ки ҳисоботи худро биёред супоред, онҳо мегуфтанд, ки як бо раис маслиҳат кунем. Хуб, раиси онҳо медонед, кӣ буд? Вале онҳо бояд медонистанд, ки ин созмон дар Русия аст ва бояд ба вазорати адлия ҳисобот медодем, на ба дигар нафарон.

Озодӣ: Дар сурати сабти ном шудан дар вазорати адлияи Русия ҳамкории шумо бо ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар Русия чӣ гуна роҳандозӣ хоҳад шуд, масалан бо сафорат ва намояндагиҳои дигаре, ки Тоҷикистон дорад?

Абдулло Давлатов: Мо бисёр мехоҳем, ки аввалан дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ҳамкорӣ кунем, зеро агар ҳамкорӣ набошад, ҳеҷ вақт мо кӯмаке ба муҳоҷирони кории худ карда наметавонем. Сониян, ман шахсан худам тақозо мекунам, бисёр минтақаҳо ҳам ҳамкориҳои хуб доранд. Ин кор албатта роҳандозӣ мешавад. Мо бе ин кор карда наметавонем.

Озодӣ: Ва фикр мекунед, ки ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам ҳамкориашро бо шумо вусъат хоҳад дод?

Абдулло Давлатов: Агар ҳамкорӣ карданд, бисёр хуб, агар ҳамкорӣ ҳам накунанд, дархост ҳам надорем, ягон чӣ талаб ҳам надорем, хоҳиш ҳам намекунем. Агар хоҳанд, ки ба ягон шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак кунанд, бояд ҳамкорӣ кунем. Ҳамин созмони ҷамъиятӣ тамоми имкониятҳоро медиҳад, ки дар чаҳорчӯбаи қонун аз муҳоҷирони кориамон дар ҳамин ҷо пуштибонӣ кунем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG