Пайвандҳои дастрасӣ

Наздики 30 тан аз омӯзгорони маҳаллӣ дар ноҳияи Фархор соҳиби манзил дар «шаҳраки омӯзгорон» гаштаанд.

Ҳукумати маҳаллӣ ба хотири ҷалби бештари омӯзгорон ба мактаб, дар каноре аз маркази ноҳия барои омӯзгорон қитъаи замин ҷудо намуда, барои бунёди хонаҳояшон кӯмак кардааст. Ин ҳам барои аввалин бор аст, ки барои омӯзгорон дар минтақаи Кӯлоб маҳаллаи вижа бунёд мекунанд.

Афзалшоҳ Сафаров, мудири маорифи ноҳияи Фархор мегӯяд, тайи чанд соли ахир истифода нашудани имтиёзҳо, аксари омӯзгоронро аз касби интихоб кардаашон дилсард намуда буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, додани замин ва бунёди манзили зист омӯзгоронро ба касби худ дилгарм месозад.
Ҷаноби Сафаров гуфт: «Ин омӯзгорон вақте ба хонаҳои навбунёдашон ворид шуданд, шодиашонро канор набуд. Инҳо омӯзгороне буданд, ки аз се то 6 сол собиқаи корӣ доштанд. Тайи ду соли ахир дар ноҳияи мо ба омӯзгорон ҳамин тавр замин дода мешавад. Мебинем, ки ҳавасманди касби омӯзгорӣ зиёд шуда истодааст. Тақрибан дар ноҳияи мо норасоии омӯзгорон нест.»

Ҳукумати ноҳияи Фархор инчунин ба 120 тани дигар аз омӯзгорон замин барои бунёди манзили зист додааст. Ин нахустин ноҳияест, ки имтиёзҳои додашуда ба омӯзгоронро дар амал татбиқ мекунад.

Аммо дар дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб аксари омӯзгорон шикоят аз он доранд, ки дастрасӣ ба замин надоранд. Назокат, як омӯзгор аз ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, борҳо барои гирифтани қитъаи замин ба мақомот муроҷиат кардааст, вале бо гузашти се сол ҳанӯз қитъаи замин дарёфт накардааст.

Бад ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон истифода нашудани имтиё ва поин будани маош боис шудааст, ки аксари омӯзгорон тарки касб намоянд.
Аммо масъулини Идораи маорифи минтақа мегӯянд, бо вуҷуди мушкилот, норасоии омӯзгорон дар макотиби миёна мушоҳида намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Темуршоҳи Файзалӣ, хабарнигори маҳаллӣ, ки бештар дар бораи маориф менависад, аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, аксари мактабҳо омӯзгор доранд, вале онҳо соҳибкасб нестанд. Ба гуфтаи ӯ, дар мактабҳои миёна аксари устодон аз фанҳое таълим медиҳанд, ки худ мутахассиси он нестанд. Ба гуфтаи ҷаноби Темуршоҳи Файзалӣ, ягона омиле, ки метавонад омӯзгорони соҳибтахассусро ба мактабҳо ҷалб кунад, ин боло бурдани маош ва имтиёзҳои онҳо ҳаст.

Тибқи фармони президенти Тоҷикистон бояд тамоми омӯзгорон дар навоҳӣ бо замин таъмин гарданд. Аммо то ҳол ба ҷуз ноҳияи Фархор, дар дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб чунин имтиёз дар амал ба омӯзгорон дода нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG