Пайвандҳои дастрасӣ

Як асари карикатурии Фаррух Аҳроров-рӯзноманигор ва рассоми Тоҷикистон аз Хуҷанд ба даври ниҳоии озмуни байналмиллалии карикатура роҳ ёфтааст. Ин озмунро созмони "Сenter for International Рrivate Enterprise"-и Амрико эълон кардааст. Асари рассоми точик аз байни 1000 карикатура дар бахши "Демократия" миёни даҳ асари беҳтарин ҷой гирифтааст. Худи Аҳроров мегӯяд:

“Демократия фақат дар сиёсат нест. Демократия ин як чизи ҷомеъ аст. Агар мардум ба таври демократӣ фикр кунанд, ҷомеа дигар мешавад, сиёсат дигар мешавад, савдо дигар мешавад”.

Фаррух Аҳроров дар маҳофили Хуҷанд бештар чун раҳбари созмони иҷтимоии "MGM", ки дар заминаҳои ислоҳоти демократӣ таҳқиқ мебарад, шинохта шудааст. Муддате вазифаи сардабирии нашрияи "Согдийская правда"-ро низ бар ӯхда дошт. Вай хатмкардаи факултаи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG