Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди панҷ нафар


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо дар эъломияе гуфт, бар зидди панҷ нафаре, ки дар сӯиқасди нофарҷом ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико ҳамкорӣ кардаанд, таҳрим ҷорӣ хоҳад кард. Дар эъломияи Иттиҳодияи Аврупо аз касе ва ё миллати онҳо ном бурда нашудааст, вале дао он омадааст, дороиҳои молии ин афрод дар қаламрави иттиҳодия мунҷамид хоҳад шуд ва онҳо наметавонанд аз ҳисобҳои худ истифода кунанд. Рӯзи панҷшанбе як қозии додгоҳи Нию Йорк гуфт, ду марди гумонбар аз Эрон талош кардаанд, ба як зархариди мексикоӣ 1,5 миллион доллар пул диҳанд, то вай сафири Арабистони Саудиро ба қатл расонад.
XS
SM
MD
LG