Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Новосибирск ифшо шуданд


Мабуоти Русия хабар додааст, ки дар Новосибирск дар ҷараёни амалиёте бо номи “Патент” 100 нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо аслан шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон ва чанд нафар аз шаҳрвандони Ветнам будаанд. Ин амалиёт се соат давом кардааст ва дар ҷараёни он мақомот ифшо кардаанд, ки ин афрод иҷозаи кор ва ҳатто шиноснома надоштаанд. Муҳоҷироне, ки қонунҳои Русияро риоят накардаанд, аз 2 то 5 ҳазор рублӣ ҷарима шудаанд. Вале ононе, ки бори дуввум ба даст афтодаанд, аз Русия ихроҷ мешаванд.
XS
SM
MD
LG