Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ба сербҳои шимоли Косово ҳушдор дод


Эрҳард Дрюз

Эрҳард Дрюз

Фармондеҳи нируҳои посдори сулҳи НАТО дар Ксово бори дигар ба сербҳо ҳушдор дод, ки агар онҳо саддҳоеро, ки дар шимоли Косово дар роҳҳо гузоштаанд, аз миён набардоранд, барои анҷоми ин кор нируҳои НАТО-ро сафарбар хоҳад кард. Генерал Эрҳард Дрюз гуфт, вай мехоҳад, ки ин рӯёрӯӣ сулҳомез ҳал шавад, вале ҳушдор дод, ки маҷбур хоҳад шуд, то вазифаи худро иҷро кунад ва рафту омади озоди мардумро дар қисмати сербнишини шимоли Косово таъмин кунад. Сербҳои шимоли Косово истиқлоли ин кишварро қабул надоранд ва худро бахше аз қаламрави Сербистон медонанд.
XS
SM
MD
LG