Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик дар ним сол 1,2 млд доллар фиристодаанд


Бино ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки зери номи “Муҳоҷират ва интиқоли пул” рақамҳоро барои нимсолаи аввали соли 2011 ба нашр расондааст, дар ин муддат муҳоҷирони корӣ аз хориҷ 1,2 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар соли 2009 Тоҷикистон дар зинаи аввали кишварҳое қарор дошт, ки пулҳои интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷ бахши қобили мулоҳизаи даромади нохолиси миллиро ташкил медод. Соли 2009 ин пулҳо 35 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил дода буд. Як сол пеш аз он дар соли 2008 ин пулҳо 49 дарсади нохолиси миллирро ташкил дода буданд ва маблағи фиристодаи муҳоҷирон ба 2,7 миллиард доллар баробар буд. То ҳол ин бузургтарин маблағест, ки дар як сол аз муҳоҷирон аз хориҷ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG