Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба Покистон: "Лонаҳои тундравонро маҳв кунед"


Ҳилларӣ Клинтон ва Юсуф Ризо Гелонӣ
Ҳилларӣ Клинтон ва Юсуф Ризо Гелонӣ

Амрико бо афзоиши фишор ба Покистон, дигарбора аз ин кишвар хост барои маҳви лонаҳои тундравон кӯшиши бештар кунад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико баъд аз мулоқотҳояш бо раҳбарони Покистон дар Исломобод возеҳу ошкор гуфт, ки муддати тӯлонист, ки тундравон дар қаламрави ин кишвар фаъолият мекунанд.

ТАҚОЗОИ АМРИКО АЗ ПОКИСТОН

Дар зарфи ду рӯзи гузашта Ҳилларӣ Клинтон ду маротиба аз мақомоти Покистон хост, ки барои маҳви шабакаи Ҳаққонӣ, як гурӯҳи хашини ҷангҷӯ, ки дар манотиқи қабоилнишини Покистон лона дорад ва масъули ҳамалот дар Покистону Афғонистон дониста мешавад, саъйи бештар кунанд.

Хонум Клинтонро дар сафараш ба Покистон, Дейвид Петреус, мудири Хадамоти Истихборотии Амрико, Мартин Демсӣ, сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳӣ мекарданд ва хонум Клинтон масъалаи шабакаи Ҳаққониро аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Покистон матраҳ кардааст. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрикову Афғонистон чанде пеш амалиёти муваффақеро барои маҳви лонаҳои ин гурӯҳ дар Афғонистон шурӯъ карданд ва Покистон низ ҳамин корро бояд кунад: «Мо медонем, ки талошҳо барои маҳви терористону лонаҳои онҳо дар як тарафи марз натиҷа намедиҳад. Ин мисли достони қадима аст. Нигаҳ доштани мор дар паси хона бо нияти онки фақат ҳамсояҳоро мегазанд, дуруст нест. Ин морҳо рӯзе дар ниҳоят ба соҳибони хона рӯ меоранд. “

"АЛАЙҲИ ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ ИҚДОМ КУНЕД"

Баъди қатли Усома бин Лодин ҳоло шабакаи Ҳаққониро бузургтарин таҳдид барои нерӯҳои Амрико дар Афғонистон медонанд. Хонум Клинтон аз мақомоти Покистон хост, барои маҳви гурӯҳи Ҳаққонӣ ҳарчӣ зудтар ва дар рӯзҳо ё ҳафтаҳои оянда иқдом кунанд, на моҳҳову солҳо. Ӯ афзуд, аз мақомоти Покистон хостааст, то дар робита ба масъалаи шабакаи Ҳаққонӣ бо Амрико ҳамкории бештар кунад: “Дар робита ба масъалаи Ҳаққонӣ мо мувофиқем, ки терроризм аз ҳар гуна сарчашма барои ҳамаи мо хатар дорад. Мо нигаронии худ аз вуҷуди паноҳгоҳҳои онҳо дар ҳарду тарафи марзро возеҳ баён кардем.”

Ҳилларӣ Клинтон нагуфт, ки оё Амрико аз Покистон хостааст, алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ амалиёти низомӣ анҷом диҳад, коре ки дар гузашта Покистон аз он парҳез кардааст. Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, масъала на танҳо амалиёти низомӣ, балки табодули иттилоот аст, ки аз ин роҳ метавон, тарҳҳои Толибону гурӯҳи Ҳаққонӣ барои убур ва ҳамла ба Афғонистонро ошкор кард ва ҷилави онҳоро гирифт.

Ҳилларӣ Клинтон аз мақомоти Покистон хост, дар мойил кардани гурӯҳҳои шӯришии афғонӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон мусоидат кунад. Хонум Клинтон дар ин бора зимни нишасти муштараки хабарӣ бо Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷаи Покистон сӯҳбат кард. Ҳарду баъдӣ ба гуфтаи Вашингтон “гуфтӯгуҳои фавқулодда самимӣ” миёни мақомоти Амрикову Покистон назди хабарнигорон ҳозир шуданд.

ТАНИШҲО МИЁНИ ПОКИСТОН ВА АМРИКО

Равобити Покистону Амрико баъди моҳи май, баъди онки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар амалиёти махфие Усома бин Лодинро дар қаламрави Покистон куштанд, бад шуд. Баъдан адмирали амрикоӣ Майк Муллен, шабакаи Ҳаққониро “як дасти воқеъии” Хадамоти ҷосусии Покистон хонд ва гуфт, ҷосусони он дар ҳамла ба сафорати Амрико дар Кобул дар рӯзи 13 сентябр даст доранд. Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷаи Покистон дар нишасти хабарӣ дигарбора ин иддаоро рад кард: “Покистон ба террористон паноҳгоҳи амн намедиҳад ва дар инҷо ҳеҷ шакке набояд бошад. Вазири умури хориҷаи Амрико дуруст мегӯяд, ки лонаҳои онҳо дар ҳарду тарафи марз ҳастанд. Террористон дар ҳарду тарафи марз вуҷуд доранд ва мо барои дастёбӣ ба натиҷаҳои беҳтар бояд ҳамкории фаъолона дошта бошем ва танҳо амал накунем.”

Покистон мегӯяд, ҷабҳаи нав алайҳи раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ дар Вазиристони Шимолӣ боз карда наметавонад, зеро нерӯҳои кофӣ барои онро надорад ва он кишвар дар ҷанг алайҳи террор то кунун қурбониҳои зиёде додааст. Хонум Клинтон аз Афғонистон вориди Покистон шуд ва дар онҷо баъд аз мулоқоташ бо Ҳомиди Карзай, аз мақомоти Исломобод хост, ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққониро нобуд кунад. Қарор аст, хонум Клинтон ба Душанбе низ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG