Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мегӯяд, ба куштори Қаззофӣ расидагӣ сурат бигирад


Руперт Колвилле
Руперт Колвилле
Дафтари ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, бояд ба шароити куштори Муаммар Қаззофӣ-раҳбари пешини Либия расидагии комил сурат бигирад. Руперт Колвилле-сухангӯи Кумисари олии ҳуқуқи башари СММ гуфт, аз наворҳои видеоӣ бармеояд, ки дар лаҳзаҳои боздошт Қаззофӣ зинда аст, вале баъдтар ҷасади вайро нишон медиҳанд ва размандагони ҳукумати муваққат “хеле пурсару садо”ба назар мерасанд. Шӯрои Миллии Гузор мегӯяд, вақте ки миёни ҷонибдорони Қаззофӣ ва размандагон тирандозӣ шуруъ шуд, дар ин тирандозӣ Қаззофӣ кушта шудааст. Шӯрои мазкур мегӯяд, барои куштори Қаззофӣ ҳеҷ дастур содир нашудааст. Бисёре аз раҳбарони ҷаҳон аз куштори Қаззофӣ истиқбол карданд ва аз мардуми Либия хостанд, ки акнун дар ояндаи демократии кишварашон саҳм бигиранд.
XS
SM
MD
LG