Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои Boeing 737-900 Тоҷикистон ба Маскав парвоз кард


Дирӯз ҳавопаймои навъи Boeing 737-900-и ширкати ҳавоии “Сомон-Эйр”- Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав баъд аз парвоз аз Душанбе ба замин нишаст. Дар ин бора ширкати мазкур ба матбуот хабар додааст. Чунин навъ ҳавопаймо бори аввал дар ҳарими ҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъ ба парвоз даромадааст. Қаблан ин ҳавопаймо ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия низ парвози озмоишӣ анҷом дода буд. Ҳавопаймо бо фармоиши ин ширкат дар шаҳри Сиэтли Амрико сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG